ЧУРАБОЕВ Ч.Х.

 

САБАКХОИ ФАРОМУШНОШУДАНИИ ТАЪРИХ

(такриз ба китоби доктори илмхои таърих, профессор Каримов О.К.

«Вазъияти сиёсии Точикистон дар солхои 90-уми карни ХХ ва ибтидои асри ХХI» («Политическое состояние Таджикистана в 90-е годы ХХ в. и в начале ХХI в.», Худжанд, 2007. 263 с.))

 

Мархилаи аввали Истиклолият такдирсозу пуртазод мебошад. Истиклолияту якпорчаги, хастии халк бо курбониву чонбозихои  фарзандони асили миллат, неруи азими сулхофарини халк хифз шуд. Хар як нигох ва мурочиат ба ин давра авроки хаводиси тозаро боз мекунад, барои инсоният  сабаки ватандори ва тахаммулпазири меомузад. Хар кадар, ки аз ин давраи пурталотум солхо мегузаранд, хамон андоза назархо шаффофтар, тахлилхо жарфтар ва муносибат ба он  самимитар мегардад ва ин бешубха табиист.

Асари тозанашри доктори илмхои таърих, профессор О.К. Каримов тахти унвони «Вазъияти сиёсии Точикистон дар солхои 90-уми карни ХХ ва ибтидои асри ХХI»-ро махз бо хамин меъёр бахогузори кардан чоиз аст.

Боиси тазаккур аст, ки вазъи сиёсиву иктисодии Точикистон дар охири садаи ХХ ва ибтидои асри ХХI аз чониби олимону сиёсатмадорони варзида – академик Р. Масов, профессорон Г.Х. Хайдаров, К. Абдулов, У.Гаффоров, М.Инъомов, Ч.М.Бобохонов, С. Кенчаев, А.Достиев, И.Усмонов ва дигарон мавриди тадкик карор ёфтааст. Бешубха хар яке аз ин мухаккикон дар пажухиши масъалаи мазкур сахми муносиб гузоштаанд. Дар ин радиф тадкикоти профессор О.Каримов низ дар баррасии пахлухои тозаи масъалаи мавриди назар, бахри инъикоси вазъи вокеии муносибатхо бо нигохи хосаи тахлили дар асоси асноди муътамади илми бо дарназардошти оммаи васеи алокамандони ин соха таълиф ва интишор гардид.

Асари зикршуда аз 9 боб иборат буда, хар яке аз ин кисматхо дар омузиши таърихи сиёсии давраи мавриди назар сухани нав бозгу мекунад.

Боби аввал, ки «Консепсияи нави дигаргунихо» ном дорад, дар пайрави ба анъанахои бехтарини таърихнигори, равандхои тозаи сиёсии охири сохои 90-уми садаи ХХ, сабабхои сиёси, ичтимои – идеологии бархам хурдани  ИЧШС тадкик шудаанд. Муаллиф ба дастовардхои давраи сотсиализм, таърихи давлати абаркудрати шурави назари неку вокеъбинона,  ори аз амбитсияхои идеологи дорад ва чихатхои мусбиву манфии онро ба мизони хакикати таърих бармекашад. Масалан, муаллиф системаи империявии шуравиро рад намуда, бо далелхои муътамад собит месозад, ки дар ИЧШС баробархукукии миллатхо хукмрон буд.

Дар бобхои дувум ва савум масъалахои Точикистон дар арафа ва давраи Истиклолияти сиёси ва давлати тадкик ёфта, огози хаёти фаъоли сиёси, тавлиди аввалин хизбу харакатхои сиёси, вокеахои феврали соли 1990, огози демократияи митинги ва нихоят ибтидо гирифтани чанги шахрванди мавриди омузиш карор ёфтаанд.  Навоварии муаллиф дар он ба назар мерасад, ки мархилаи аввали чанги шахрванди дар ин боб даврабанди шуда, ба мархилаи зиддиятхои сиёси - харби дар марказ ва дехот таксим шудаанд.

Боби чорум вокеахои соли 1992 ва огози Ичлосияи таърихии  ХVIумро фаро гирифтааст. Чолиби диккат аст, ки мухаккик дар ин замина ба аввалин натичахои фочиаи милли назар меандозад. Таъкид мегардад, ки дар мархилаи аввали истиклолият дар парлумон ва давлат се куввахои ба хам зид ташаккул меёбанд, паихам иваз шудани пешвохои сиёси вазъиятро тезутунд  мегардонад. Муаллиф рафт ва натичахои Ичлосияи ХVI  ро муфассал тахлил намуда, интихоби Раиси нави Шурои Оли Эмомали Рахмонро хамчун огози мархилаи тозаи таърихи Точикистони навин маънидод менамояд.

Боби панчуми китоб аз тахлили аввалин икдомхои чиддии Хукумат ва парлумони навтаъсис бо сарварии Эмомали Рахмон дар чодаи ба эътидол овардани вазъи сиёси огоз ёфтааст.

Мархилаи гуфтушуниди байни точикон, кабули Конститутсияи Точикистони сохибистиклол, интихобот ба Мачлиси Оли (26.02.1995),  имзои шартнома дар бораи  ризоияти чомеа ва таъсиси Шурои чамъияти баста шудани Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти милли, ташкил шудани КОМ - мухтавои ин боб ба хисоб мераванд. Дар охир муаллиф таъкид мекунад, ки сулхи точикон натичаи  чонбозихо ва талошхои пайгиронаи Президенти Чумхурии Точикистон Чаноби Оли Эмомали Рахмон мебошад.

Дар боби шашум олим дар тахлили самараи байналхалкии сулхи точикон назари нав меандозад. Пеш аз хама, сахми созмонхои байналхалки – СММ, САХА, давлатхои хоричиРусия, Казокистон, Эрон ва дигарон дар имзои Созишномаи истикрори сулх ва ризоияти милли дар ин маврид  хамачониба тахлил ва барраси шудаанд. Баъдан, рафт ва натичаи кори Конфронси байналхалки бахшида ба 5-умин солгарди имзои Созишнома хамачониба инъикос ёфтааст. Савум, кайд мегардад, ки махз сулх ва равандхои солими сиёси эътимод ва боварии  чомеаи чахониро ба Точикистон зиёд намуд. Панчум, дар арсаи байналхалки макоми шоиста пайдо намудани кишвар, густариши робитахои иктисодиву ичтимои, сиёсиву фарханги натичахои сиёсати вахдатофари  Сарвари давлат Эмомали Рахмон мебошанд.

Боби  хафтум ба масъалаи бунёди асосхои давлатдории навини точикон, кабули Сарконун, интихоби Президент бахшида шудаанд.

Боби хаштум масъалахои ташаккулёбии системаи бисёрхизбиро дар Точикистон фаро гирифта, мархилахои ташаккулёбии хизбхо, заминахои сиёсиву хукукии он мавриди тахлили амики илми карор ёфтаанд.

Дар боби нухум ахамияти таърихии Ичлосияи ХVI ва навгонихои сиёсиву иктисодии кишвар дар партави маърузаи Сарвари давлат дар чаласа бахшида ба 15 –солагии Ичлосияи ХVIШурои Олии Чумхурии Точикистон тадкик шудаанд.

Нихоят, асари таърихшинос, профессор Каримов О.К. дар заминаи дастовардхои навини методологи ва илмии сохаи таърихнигории точик иншо гардида, навгонихои зеринро дар худ тачассум намудааст:

Якум, вокеахои охири садаи ХХ ва ибтидои ХХI бо тамомии чузъиёти масоили сиёси, иктисодиичтимои ва идеологи дар асар инъикос ёфтаанд.

Дуввум, муаллиф натанхо хамчун таърихнигор, балки хамчун сиёсатшинос ба масоили бухрони сиёсии ин давра, раванди густариши сулхи точикон, ташаккули низоми бисёрхизби тачдиди назар менамояд.

Саввум, раванди истикрори сулх, бунёди заминахои давлатдории милли, густариши робитахои байналхалкии Точикистон дар пайванду хамбастаги мавриди пажухиш карор дода шудаанд.

Комёбии профессор О.К. Каримов инчунин дар ин самт аён аст,  ки асар бо назардошти принсипхои таърихият, тахаммулпазирии сиёси, рухияи созандаги, дакикан нишон додани самараи сиёсати пешбарандаи Президенти Чумхурии Точикистон Чаноби Оли Эмомали Рахмон иншо шудааст.

Хамин тарик, асари мазкур тадкикоти арзишманде ба шумор меояд, ки мархилахои аввалияи пурихтилофи хаёти сиёсии кишвари тозаистиклолро пешоруи мо возеху равшан ба чилва оварда, чун сарчашмаи муътамади илми барои мухаккикони риштаи таъриху сиёсатшиноси, кулли алокамандони соха ва донишчуёни макотиби оли хидмати босазо хохад намуд.

 

ДЖУРАБОЕВ ДЖ.

 

НЕЗАБЫВАЕМЫЕ УРОКИ ИСТОРИИ

Данная статья является рецензией на книгу доктора исторических наук, профессора Каримова О.К. «Политическое состояние Таджикистана в 90-е годы ХХ в. и в начале ХХI в.», которая посвящена глубокому научному анализу одного из судьбоносных периодов истории современного Таджикистана: расколу таджикского общества, который привёл к гражданской войне, этапы национального примирения, многочисленные политические партии и их борьба за власть, а также мирное развитие республики и её взаимосвязи с мировым сообществом.

 

JURABOEV J.

 

UNFORGETTABLE LESSONS OF HISTORY

This article is a (book) review of the book of the Doctor of Historical sciences, professor Karimov O.K.: “Political situation of Tajikistan in the period of 90-th of the XX century and the beginning of the XXI centry”, which is dedicated to the deep scientific analysis of one of the most fateful periods of the history of modern Tajikistan: the split of the Tajik society which lead to the Civil War, the stages of national reconciliation, numerous political parties and their stuggle for the state power, peaceful development of the countre and its relationship with the world community.

 

Hosted by uCoz