ОРИФОВ А.

 

ИСТИКЛОЛИЯТ ВА ГУСТАРИШИ ХАМГИРОИИ
ИТТИХОДИЯХОИ ГУМРУКИ

 

Таърихи бою кухан ва интихои карни сипаригардидаи кишварамон вокеахои  сиесии бузургеро дар бар мегирад, ки хар кадоми он дар мархилаи худ накши махсусе доранд. Дар таърихи навин, аз нигохи мо, волотарин дастовард -  сохиб шудан ба Истиклоли давлатии Точикистон аст, ки баъди пош хурдани собик Иттиходи Шурави амали гардид.

Аз лахзае, ки Точикистон истиклолияти миллиро ба даст овард, 17 сол сипари мешавад. Ин 17 соли пурталотум, пурзахмат, пур аз душворию нокомихо ва хамчунин, аз комёбихои назаррас иборат буданд. Аксари коршиносони чахон сари он акидаанд, ки агар чумхури чанги шахрвандиро пушти сар намекард, шояд муваффакиятхо бештар мебуданду мушкилоти иктисоди камтар. Хак бар чониби онхост.

Умуман, Истиклолияти давлати барои мо – точикон ба осони ба даст наомадааст. Махз бо таъсири бевоситаи бадхохони дохилию хоричи кишварамон ба чанги шахрванди кашида шуд, ки боиси курбонихои азими чони, талафот ва хисороти бузурги сиёси, иктисоди, ичтимои ва маънави гашта, пояхо, рукнхо ва асосхои давлатдориро фалач гардонид, конуншикани ва бесарусомонихоро дар мамлакат ба вучуд овард, ки ин харобихо ( бидуни талафоти чони) беш аз 7 миллиард долларро ташкил намуд. Баробари ин, дар солхои сипаришудаи Истиклолияти милли мо тавонистем сулху субот, вахдати милли, заминахои гузариш аз як низоми сиёсиву иктисоди ва ичтимоиву фарханги, бунёди тахкурсии давлати сохибистиклоли точиконро ба даст орем.

Бо вучуди хама мушкилоти он давра мо тавонистем пайванди чомеаи худро бо чахони мутамаддини муосир, ки чавхар ва асли онро низоми демократи ташкил медихад, таъмин намоем.

Сиёсати берунии кишвар идомаи мантикии стратегияи гуногунчабхаи давлат ва сохторхои дахлдори он дар 17 соли Истиклолият буд, ки таъмини манфиатхои милли, пеш аз хама озоди, амният, субот, шароити мусоиди пешрафту таракки ва рушди кишвар  хамчун субъекти мустакили низоми навини робитахои байналхалки хадафи маркази ва усулии он мебошад. Хамкории васеъ ва мутакобилан судманд бо кишвархои Осиёи Маркази, Осиёи Шаркиву Чануби ба нафъи хамаи халкхо ва суботу пешрафти кишвархоямон мебошад. Хамкорихои огозгардидаи кишвар бо беш аз 100 давлати чахон торафт густариш меёбанд, аммо  пайгирихои боз хам бештару хубтареро такозо доранд.

Точикистони сохибистиклол дар ин 17 соли сипаригашта ба татбики як катор барномахо оиди рушди иктисодиву ичтимои дар мамлакат суръати тоза бахшидааст, ки  дар натича сатхи зиндагии ахолии кишвар  то андозае бехтар гардид.

Иктисодиёт, дар маънои том, манбаи асосии кисми даромади бучаи давлати мебошад. Агар соли 2001-ум хачми умумии буча бо назардошти барномахои сармоягузорихои давлати 600 миллион сомони  ва дар соли 2005-ум беш аз 1,9 миллиард сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2006 он дар хачми 2,2 миллиард сомони пешбини карда шуда, дар соли 2008 беш аз 4.5 миллиард сомониро ташкил дод.

Кушода шудани рохи автомобилгарди Кулоб-Хоруг-Кулма-Карокурум, накби мошингарди «Истиклол», якчанд пулхо дар сархади байни Афгонистону Точикистон, тачдиди рохи Душанбе-Кургонтеппа-Кулоб, тачдиди босуръати шохрохи Душанбе-Нуробод-Чиргатол-Саритош, ки танхо барои ду мархилаи сохтмони он беш аз 2 миллион сомони маблаг сарф мегардад, дар самти рахои аз бунбасти коммуникатсиони ва рушди иктисодии кишвар дастовардхои мухим мебошанд. Дар баробари он, аз соли 2009 ба анчом расонидани пули бузурги байналмилалии Панчи поён, ки Точикистонро бо Афгонистон, Эрон, бандархои бахри мепайвандад,  наздик 900 миллион сомони маблаггузориро дар назар дорад.

Фаъолияти самаранок ва инкишофи иктисоди миллии Чумхурии Точикистон бе татбики чорабинихои вусъатбахшандаи иштирок дар таксими байналмилалии захирахои мехнати чи бо рохи инкишофи муносибатхои иктисодии хоричи ва чи бо рохи инкишофи равандхои ба интегратсия нигаронидашуда, имконнопазир аст. Дар айни замон, нисбати солхои пешин,  мустахкам намудани алокахои иктисодии беруназмарзии кишвар бо мамлакатхои мутараккии чахон ахамияти аввалиндарача пайдо менамояд.

Дар тачрибаи харрузаи хадамоти гумрукии Чумхурии Точикистон мунтазам интиколи молу воситахои наклиёт аз сархади гумрукии Точикистон мутобики талаботи моддаи 59-60 Кодекси гумруки Чумхурии Точикистон махз барои содироту воридоти  молхо ба расмият дароварда мешавад.

Хамаи ин хамлу накл махз бо назардошти асноди дахлдори конунгузори ва   меъёри танзим мегардад.

Интикол аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон дар асоси риояи принсипхои зерин сурат мегирад: риояи меъёрхои воридотию содироти; манъ ва махдуд сохтани воридот ва содирот; муайян намудани махал ва тарзи интиколи гузаронидани молу воситахои наклиёт аз сархади гумруки; барасмиятдарории  гумруки ва такмили назорати он.

Умуман хамаи он принсипхо пурра дар асоси талаботхои байналмилали дар чумхури пурра ба амал татбик шуда истодааст, ки боиси афзун шудани потенсиали иктисодии Точикистони сохибистиклол мегардад.

Чумхурии Точикистон холо бо беш аз 140 кишвари чахон муносибатхои иктисодии байналмилали дорад. Умуман, гардиши савдои хоричи дар соли 2006 - 3,124 млн. долларро ташкил дод, ки аз он содирот - 1,399  млн.доллар ва воридот - 1,725 млн. доллар мебошад. Хаминро бояд кайд кард, ки шарикони асосии Чумхурии Точикистон дар содироти махсулоти асосии саноату хочагии кишлок давлатхои Нидерландия – 40,7%, Туркия – 31,7%, Узбекистон – 4,8%, Русия – 4,7%, Эрон – 5,4% ва дигар давлатхо 13 % - ба хисоб мераванд.

 

Хиссаи шарикони асосии содиротии Точикистон дар соли 2006

Аз маблагхое, ки ба ин максад дар муомилоти байналмилали хастанд беш аз 661 млн доллар ба мамолики Аврупо ва 635 млн. доллар ба давлатхои Иттиходи Аврупо рост меояд.

Робитахои иктисодии хоричии Точикистон сол аз сол бо мамолики хорича меафзояд. Махсусан солхои охир чунин  робитахо бо давлатхои Эрону Чин ва Туркия афзуда истодааст. Факат дар панчсоли охир хачми робитахо бо ин далелхо аз 5 то 10 маротиба  афзудааст, ки аз он диаграммаи хиссаи шарикони асосии Точикистон дар содироти молхо шаходат медихад.

Тахлилхои иктисоди нишон медихад, ки хадамоти гумрук бахри муътадил воридот намудани махсулот ба Чумхурии Точикистон  сахми арзанда гузошта истодааст. Дар давоми чанд соли охир он аз 675 млн доллари соли 2005 ба 1725 млн доллари ИМА расидааст.

 

Хиссаи  шарикони асосии воридотии Точикистон дар соли 2006

Дар ин муомилот шарикони асосии мамлакати мо давлатхои ИДМ дар соли 2006 1 миллиарду 100 млн. доллар ва Иттиходи иктисодии Аврупою Осиё  834 млн долларро ташкил додааст.

Дар натичаи гузаронидани дигаргунсозихои сохтори иктисоди дастовардхои муайян ба вучуд омада, чунин комёбихо дар чалби инвеститсияхои хоричи дар иктисоди чумхури низ басо назаррасанд. Дар кишвар зиёда аз 280 корхона бо чалби маблаггузории хоричи таъсис ёфтанд, ки ба он 253 миллион доллар сарф шудааст. Калонтарини онхо - корхонаи муштараки Точикистону Амрико «Оби зулол», Точикистону Хитой « Ришта», Точикистону Итолиё «Абрешим» ва «Чавони» мебошанд. Амали бевоситаи хар як ин корхона омили асосии бо чои кор таъмин намудани ахоли ва пеш аз хама сарчашмахои афзоиши даромади милли ба хисоб меравад, ки аз он музди мехнат, фоида, даромад аз фуруш, нархи фуруш, бочу пардохтхои гумруки, фоизхо, дивидендхо хатман ба хазинаи давлат ворид мешаванд. Чуноне ки Сарвари давлат Эмомали Рахмон таъкид кардаанд: «Дарвокеъ, гумрук дар хаёти хар як давлати сохибистиклол ахамияти босазое дорад ва гузашта аз ин, дарвозаи хар як давлат аст, зеро аз кори хадамоти гумруки натанхо таъмини молиявии сохахои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иктисоди, фарханги, идеологи ва экологи вобастагии ногусастани дорад».

Аз ин лихоз, хадамоти гумрук дар танзими фаъолияти иктисодии хоричи ва интиколи молу воситахои наклиёт аз сархади гумрукии кишвар фишанги асоси ба хисоб меравад. Он дар салохияти бевоситаи худ амнияти иктисодии кишвар, танзими фаъолияти иктисодии хоричи, амалиётхои молию пули ва хоказоро дорад. Бо назардошти пешрафти илму техника хамаи кишвархои сохибистиклол бахри хифзи манфиатхои миллии худ сиёсати гумрукии хешро мутобик ба замони муосир инкишоф ва ба рох мемонанд. Пас аз ба даст овардани истиклолияти хеш, хар як давлат кушиш ба харч медихад, ки марзу буми худро муайян ва хифз намояд. Аз ин чихат, зарурати бунёди дидбонгоххои гумруки ба пеш меояд. Ин ташкилот дорои салохияти иктисоди, хукуки ва харби мебошад.

Хадамоти гумрук хамаи пардохтхоро хатман ба хазинаи давлат ворид менамояд; амнияти иктисоди ва озукавории кишварро таъмин менамояд, бар зидди кочок ва хукуквайронкунии гумруки – маъмури мубориза мебарад ва ин шаходати он аст, ки ин ташкилоти хазинави дар доираи дигар сохторхои давлати мавкеи мухимтаринро доро аст. Фаъолияти самараноки хадамоти гумруки имруз аз хамкории мутакобилан судманди кишвархои хаммарз вобаста аст. Масоили халталаби хадамотхои байнимарзиро танхо дар сурати хамкории ташкилотхои минтакави ва байналмиллали хал кардан мумкин аст. Холо дар минтакаи мо чандин ташкилотхои байналхалки монанди: «Созмони хамкории Шанхай», «Иттиходи Давлатхои Мустакил», «Иттиходи Иктисодии Авруосиё», «Иттиходи Хамгироии Хадамоти Гумрук», «Худуди Ягонаи Гумруки», « Иттиходи Гумрукии Наклиёт», «Кумитаи Интегратсиони», «Ташкилоти Умумичахонии Савдо» ва хоказо босуръат амал менамоянд ва барои густариши муомилоти молию пули байни кишвархо сахм гузошта истодаанд.

Хаминро бояд кайд намуд, ки хамкорихои мазкур дар доираи якчанд кишвархои узви он амал намуда, Точикистон дар хайати он хамчун аъзои комилхукук  баромад менамояд. Низоми ягонаи иктисодиёти кишвари мо имруз на бо рохи табаддулот, балки бо рохи тахаввулот инкишоф ёфта истодааст. Хар як падидаи ташкилшаванда мавкеъ ва максадхои ташкилшавии худро дорад ва максаду мароми хамгироии «Минтакаи озоди иктисоди» иборат аст аз фаъолияти самараноки бозори ягонаи молхо, хизматрасони, асъор ва мехнат, фарохам овардани рушди устувори сохтмони иктисодиёти тарафайн бо назардошти бехбудии тарз ва сифати зиндагии ахолии он, пеш гирифтани сиёсати мутобикгардонии андоз - гумрук, пули – карздихи, асъори -молияви; савдо, танзими тарифи; рушди низоми ягонаи наклиёти, энергетики ва иттилоот; ташкили низоми ягонаи меъёрхои дастгирии давлати, рушди самтхои афзалиятноки иктисоди, истехсоли ва кооператсияи илми – технологи.

Оиди халли ин муаммохо дар назди раёсати идоракунии интегратсиони хадамоти идоракуни амал менамояд, ки аз Шурои бонки давлати, Шурои сарони давлатхо, Кумитаи Интегратсиони ва Кумитаи байнипарлумони, ки ба таври доими фаъолият менамояд ва талаботхоро хатман ичро менамояд, иборат аст.

Дар асоси амали Низомномахо тарафхо хатман хамаи талаботхоро аз он чумла: нисбати молхое, ки аз худуди гумрукии як тараф (истехсол мешавад) мебарояд ва дар худуди гумрукии тарафи дигар содир (ворид) мешавад ва бахри муомилоти озод дар худуди гумрукии тарафхо таъин шудаанд, махдудиятхои тарифи ва микдориро истифода набурдан; истифода бурдани  низоми ягонаи ситонидани андозхои гайримустаким; бартараф намудани махдудиятхои ракобат; рох надодан ба поймолшавии хукук нисбат ба моли аз худуди гумрукии як давлати тарафайн истехсолшавандаро бояд ичро намоянд. Бидуни он, мутобики шартномаи тарафайн хатман тартиби ягонаи амалиёти сиёсати бочу хироч ва андозу андозситониро риоя намоянд.

Бо хамин кайд менамоем, ки Точикистони сохибистиклол сиёсати дохили ва хоричии хешро барои ояндаи наздик тархрези менамояд. Бо интихоби рохи усулан нави пешрафти давлат, ки ба арзишхои аз чониби чомеаи чахони пазируфташуда такя менамояд, тахкурсии асосии ташаккули чомеаи шахрвандиро ба рох монда истодааст.

Дар ин чода Хукумати Точикистон имконият дорад аз инвеститсияхои мамолики чахон пурсамар истифода барад ва бо хамин иктисодиёту сатхи зиндагии ахолиро такмил дихад.

Албатта, дар мархилаи имруза амалиёти хадамоти гумрук ба халли масоили зерини стратегии тараккиёти иктисодии  Чумхурии Точикистон инчунин ба хамкории дигар ташкилоту иттиходияхои гумрукии чахони муосир равона карда мешавад. Ин масоил соддагардонии барасмиятдарории назорати гумруки; ошкор ва пешгирии чиноятхои иктисоди ва хукуквайронамоихо; пурзур намудани мубориза бар зидди коррупсия; татбики барномаи модернизатсияи хадамоти гумрук; тахким ва такмили пойгохи модди-техники ва инфраструктураи гумруки; истифодаи технологияхои хозиразамон ва автоматикунонии системаи идоракуни; инкишофи муносибатхои эътимоднок байни хадамоти гумруки ва иштирокчиёни фаъолияти иктисодии хоричиро дар бар мегирад.

Боварии комил дорем, ки халли ин муаммохо барои боз хам густариш ёфтани муносибатхои  иктисодии Давлатхои аъзои Иттиходи Гумруки замина ва шароити мусоид фарохам хохад овард.

 

Адабиёт:

 

Таможенный Кодекс Республики Таджикистан. Душанбе, 2001

Точикистон: 15 соли истиклолияти давлати. (мачмуи омори), Душанбе, 2006.

Омори солонаи Чумхурии Точикистон (нашри расми). Душанбе, 2007.

Основа новейшей государственности. Москва, 2002.

Т. Назаров Таджикистан: Экономический рост, интеграция и региональное сотрудничество. Душанбе, 2004.

 А. Орифов. Ислохоти андозу гумрук - омили устувории иктисодиёт. Хучанд, 2008.

 

ОРИФОВ А.

НЕЗАВИСИМОСТЬ И СОВЕРШЕНСТВОВАНИЕ ИНТЕГРАЦИИ

ТАМОЖЕННЫХ ОБЪЕДИНЕНИЙ

В исследовании раскрывается  доля таможенных органов в укреплении экономической независимости  суверенных стран, значение вхождения Таджикистана в международные таможенные объединения и  место Таджикистана в Евроазиатском экономическом  объединении и в других международных интеграционных процессах, которые, безусловно, влияют на совершенствование экономического потенциала страны.

 

ORIFOV A.

INDEPENDENCE AND IMPROVEMENT OF INTEGRATION OF CUSTOMS UNIFICATION

This article reveals the essence of the share matters of customs bodies in the strength of economical independence of sovereign countries, the importance of entrance of Tajikistan into International custom unification.

 

Hosted by uCoz