МАХМАДШОЕВ М.

 

ШОИРОНИ НОШИНОХТАЕ АЗ ДИЁРИ РУДАКИ

 

Дар даврахои гуногун зодагони сохибзавки навохии Панчакенту Фалгар ва Кухистони Мастчох дар марказхои илмиву фарханги сукунат варзида, хамчун шоирони «самарканди» ва ё «бухорои» шинохта шудаанд, амсоли  Музтариб ва Мустатеъ шоирони асри ХYII (ватани аслиашон Панчакент), Неъмати Самарканди шоири асри ХYII (аслан аз Кухистони Мастчох), Мухаммадзамон ибни Мухаммадризои Фалгарии Похути шоири асри ХYIII ва набераи у Кори Масехои Тамхид шоири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ (аслан аз дехаи Похути Фалгар), ки бо номи «самарканди» ва Абдуллохочаи Абди(аслан аз мавзеи Ёрии Панчакент) хамчун «бухорои» дар сарчашмахои таърихиву адаби  муаррифи шудаанд.  Дар ин радиф боз нафарони дигари гумноме хастанд, ки ахволу осорашон то хануз ба риштаи тахкик кашида нашудааст. 

Дар  катори эшон боз суханвароне дар ин манотик зиндагиву эчод намудаанд, ки осорашон таи солхои тулони паси пардахои таърих карор дошт ва бо вазидани насими истиклолият ному ашъорашон тавассути захматхои мухаккикону дустдорони каломи бадеъ ба самъи ахли завк пешниход гардид.

Чун соли 2008 хамчун соли тачлили 1150-солагии устоди шеъри точики-форси Абуабдуллохи Рудаки махсуб меёбад ва суханварони мазкур ворисону хамзаминони ин кофиласолори назми оламгир мебошанд, карор додем, то дар бораи зиндагиву эчодиёти чанд тан аз эшон, ки рузгору осорашон таи солхои дароз барои хамагон рушан набуда дар канори руди фаромуши карор дошт, маълумоте пешкаш намоем.

 

Камолии Рашнаги

Шоири сохибидевон, ки девони ашъораш бо номи «Назми шакарганч» соли равон бо хатти кирилли ба нашр расид.  Номи аслии у Мулло Миркамол ибни Мулло Исмоил  аст, ки дар охирхои асри ХVIII ва ибтидои асри ХIХ дар дехаи Рашнаи Поёни нохияи  Панчакент хаёту фаъолият намуда, бо тахаллуси Камолии Рашнаги ашъор сурудааст. Аз маълумоти бадастрасида маълум мешавад, ки вай муддате дар шахрхои Бухорову  Кобул тахсили илм карда, боки тамоми умр ба дехкони машгул буд ва дар баробари ин тарки эчод накардааст. Аз кавли мардуми дехаи Рашнаи Поён бармеояди кисми асосии ашъори Камоли солхои 30-юм дар катори бисёр осори гаронмояи ниёгонамон туъмаи оташ карор гирифтаанд.

Бино ба наклхои дар бораи ахволу осори шоир мавчудбуда, аввалин падидаи шеъриашро у дар овони навраси ба забон овардааст ,ки вокеа чунин сурати хол доштааст: Вакте моиндараш дар танур нон мепухт, Миркамол назди вай рафта дархост мекунад, ки барояш нон дихад, моиндараш,  ки бо сабаби номаълум дар хашм будааст, торсакие ба руи вай мезанад. У нолону гирён ба кунчи огил даромада, абёти зеринро мегуяд:

Гарибу хору зорам, бо ки гуям,

Дили пурдард дорам, бо  ки гуям.

Аламхои дили афгори худро,

Касе харгиз надорам, бо ки гуям

Аз шоир девони ашъор, ду достон бо номхои  «Дувоздах имом» ва «Нашрахнома» боки мондаанд. Дар газалиёти Камоли бештар мавзуъ-хои ирфони ва мазхаби нуфуз дошта, таъсири оёт ва аходис  низ чилваи рушан дорад. Намунахо  аз девони шоир:

Масти чоми тавхидам, гумрахон намедонанд,

Бодануши ирфонам, инсу чон намедонанд.

Дилкаши рухи ёрам, восиле ба дидорам,

Аз азал гирифторам, муслихон намедонанд.

Мутриби нафастангам, сози ишк дар чангам,

Хушнаво хушохангам, хамдамон намедонанд.

Мусиям ба Тури дил, роздори пинхони,

Гуфтугу ба у дорам,  махрамон намедонанд.

Дар сарири султони ноиби Худовандам,

Амри адлхо дорам, мушрикон намедонанд.

Нуктаи Камоли нест, мавчи Кулзуми гайб аст,

Кашфи сирри ин маъни, зохидон намедонанд.

 

*******

Эй, «алиф» нахли кадат зиннатдехи гулзорхо,

«Бе» балогардони хуснат, андалеб асрорхо.

«Те» таманнои лаби лаъли ту дар дил доштам,

«Се» сано гуям туро дар кучаву бозорхо…

 

Мухаммадзамон ибни Мухаммадризои Фалгарии Похути

(1788-1849)

Дар дехаи Похути Фалгар(нохияи Айнии имруза)  таваллуд шуда-аст. Овони навраси ва чавониаш дар зодгохаш гузаштааст. Баъдан барои идомаи тахсил ба Самарканд меояд ва дар хамин шахр сукунат меварзад. То охири умр дар шахри Самарканд зиндаги кардаааст. Аз рузгор ва осори ин суханвар ба чуз маълумоти мухтасаре бо як газал дар  «Намунаи адабиёти точик» (сах. 467) дигар дар ягон сарчашмаи таърихиву адаби ахборе зикр нашудааст. Кори Масехои Тамхиди Самарканди ибни Мухаммадсолех ибни Мухаммадзиё Хайрат ибни Мухаммадзамон ибни Мухаммадризои Фалгарии Похути шоири сохибдевони асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ  аз авлодони  номбурда мебошад. Абёте, ки аз шоир мерос мондааст:

Лайли намепурсад зи кас Мачнуни дилношодро,

Ширин намедонад магар чон кандани Фарходро.

Эй бурда ороми дилам боз о, ки аз бетокати,

То чанд монанди чарас аз дил кашам фарёдро.

Килки казо то пайкарат бар лавхи хасти зад ракам,

Тасвири накши дилкашат девона кард устодро.

Оби назокат мечакад аз оташи рухсораат,

Эъчози хусн ин бас бувад, чамъ овари аздодро.

 

Мулло  Бобур (Ишки)

(1792-1863)

Мулло Бобур соли 1792 дар дехаи Воруи нохияи Панчакент дар оилаи дехкон  ба дунё омадааст. Номи падараш Хидоятулло буда, дар мактаби деха саводи ибтидоиро мегирад. Сипас дар мадрасахои Самар-канду Бухоро тахсили илм намудааст. Баъдан ба дехааш баргашта дар он чо ба дехкони машгул мешавад ва гохо барои дуктарошон ва шоха-гарони Самарканду Ургут аз кухистон чубу дуку тирак меовард.

Ашъори Ишки дар девоне фарохам омадааст, ки такрибан 3500 байтро ташкил медихад ва  ду сол пеш аз вафоти шоир мураттаб шудааст. Девони Ишки аз газалу мухаммас ва рубоию китъа иборат буда, шоир  дар ашъораш бештар аз бахору нигор, гулу лола, ишку мухаббат, ахволи вазнин, зиндагии кашоккона ва ноободии кухистони точик сухан рондааст. Газалхои Ишки  дар пайравии Хофиз, Камоломи, Шавкат ва Сайидо навишта шуда, номбурда ба газалхои шоирони мазкур мухаммасхо бастааст. Сабки ашъораш соддаву равон буда, дар онхо таъбирхои халки, лугати зиндаи мардуми махалли, ташбеху истиорахои рушан ба кор рафтаанд. Тибки ривояти хамдиёронаш авлодони шоир хама аз ахли фазл ва шоиру фозилони давр махсуб меёфтаанд, ба монанди: Ворис, Мулло Фозил, Факи.     Намунахои ашъори шоир, ки  дастраси  мо гардида:

           Баъд аз ин фикри ману комати раънои хабиб,

Накунам ёди дигар чуз рухи зебои хабиб.

Чун кунад майли гулу сунбулу райхон дили ман,

З-он ки шуд махви руху зулфи сумансои хабиб.

Ё раб, аз хони висолаш ту маро рузи кун,

Умрам охир шуда, яъне ба таманнои хабиб.

На ман охир ба хаёли рухи у чонбозам,

Оламе гашта кунун волаву шайдои хабиб.

Гар шавад чилвакунон бо кади боло ба чаман,

Сарву шамшод нихад сар ба кадамхои хабиб.

Менихам руи ниёзе ба дари пири мугон,

То кунад маст аз он ташнаи сахбои хабиб.

Ишки аз хачр камон комати ту то нашавам,

Кай шикори ту шавад охуи сахрои хабиб.

                            *****

Махзуни Рашнаги  (1834-1897)

Мулло Ашур мутахаллис ба Бисмил ва Махзун  соли 1834 дар дехаи Рашнаи Поён дар оилаи Мулло Чонмухаммад ибни Бадалбоки ба дунё омадаст. Шоир дар катори бародаронаш Шомухаммад, Мулло Абдуллох, Ниёзбоки, Мулло Мурод, Мулло Турсун ва хохараш Эвазмо аз мактаби падар сабак гирифта, илмхои замонаашро фаро гирифтааст. Вай тамоми умр дар деха зиндаги карда, ба касби дехкони шугл варзидааст.

Мулло Ашур дар давоми хаёти хеш ду маротиба оиладор шудааст. Аз зани аввалааш Огомо панч фарзанд- Нахлиддин, Ойбегим, Бобочон, Мулло Курбон, Сафуро ва аз зани дуюмаш Чаннат низ панч фарзанд-Фазлиддин, Лутфиддин, Гулваш, Дилкаш, Гулрухсор ба дунё омадаанд. Наберагон ва аберагони шоир Усто Берди, Мулло Хотам, Мулло Ашур, Мулло Ахмад, Мулло Тулибой миёни мардум бо хунару одоби наку ва дониши баланд сазовори хурмату эхтироми хосса мебошанд. 

Аз ашъори парокандаи шоир маълум мешавад, ки у дили пурдард дошта, аз бевафоии рузгор ва аз вафоти хамнишинон ба танг омада, аз шеъру шоири дасти мадад мечуяд. Аз эчодиёташ гайр аз ашъори пароканда китобе бо номи «Минохач-ул-ибод ва танбех-ул-гофилин», ки аз 27 боб иборат аст ва дар мавзуъхои динию ахлоки бахс мекунад, боки мондааст. Ин китоб бо хати худи шоир китобат шудааст.(нусхааш дар дасти мо хаст). Мулло Ашур соли 1897 дар синни 63-солаги  дар диёри худ аз олам гузаштааст.

 Аз шоир ашъори парокандае тавассути баёзи набераи шоир Иброхими  Бердизода, ки худ низ хунари шоири дорад ва баёзи Обло-берди ибни Мулло Абдулкодир дастрас шудаасти дар он 20 газал, 2 муночот, 8 наът, 2 мухаммас, 1 марсия, 6 хачв, 3 дубайти, достонхои «Дувоздах имоми шариф», «Киссаи шохзодагон», «Киссаи мурги сафед»  шомил гаштааст.

Намуна аз ашъори шоир:

Во хасрато, ки умрам шуд сарф дар хаёлат,

Ночида гул гузаштам аз гулшани висолат.

Бо нори хачр то кай сузи мани хазинро,

Бардор парда аз рух бинам яке чамолат.

Мижгони хунчаконат сад рох бисмилам кард,

Созад дубора катлам абруи чун хилолат.

 

То бар тан аст чонам наъти туро бихонам,

Гуё бувад забонам дар васфи хатту холат.

Бо хикмати Илохи Фуркон дихад гувохи,

Чун ту наофарида каюми безаволат.

Гайр аз чафо надорад, харгиз ибо надорад,

Бо кас вафо надорад чашмони чун гизолат.

Гарчи зи ман чудои ба дарди ман давои,

Максуди чони мои, эй пешаи адолат.

Хар субху шом Махзун фарёду нола мекун,

Як рах зи суи дилдор лутфе нашуд ба холат.

                                     

Зарифии Рашнаги

Мулло Мирзариф  шоири асри ХVIII дар дехаи Рашнаи Поён таваллуд шуда, тамоми умр дар хамон деха умр ба сар бурдааст. Ба касби дехкони машгул буда, дар баробари ин эчод менамуд. Ашъори Зарифи пароканда буда, то ба мо кисми хеле камаш расидааст. Аз ашъори шоир ду газал ва як муночот  боки мондааст.

Дил бурда аз ман як дилрабое,

Берахму шухе  хам бевафое.

Бини нишаста бо нозу ишва,

Дар хонаи чон як качкулохе.

Дар орази ру гулхо дамида,

Дар сояи гул холи сиёхе.

Бо ёди он гул, он зулфи сунбул,

Монанди булбул дорам навое.

Хам ишвасози, хам дилнавози,

Хам чонгудози бо нимнигохе.

Гуфтам нигорам азми ту дорам.

Чонро супорам ту дар кучои?

 

Дидам ба дасташ хунрез теге,

Омад ба касдам тарзи силохе.

Аз ман ту бо у боди сабо гу,

Гуфто: Зарифи бар ту дуое.  

                

Кухи

(1857-1914)

Мулломахмуди Муллоахмад соли 1857 дар дехаи Воруи нохияи Панчакент дар оилаи косиби сангтарош ба дунё омадааст. Кухи аз табори Саидахмади Косим буда, гузаштагонаш аз ашхоси хирадманду муътабари диёр махсуб мешуданд. Саводи ибтидоиро аз падараш гирифтааст. Баъдан барои идомаи тахсил ба шахри Самарканд меравад ва як муддат дар мадориси он чо илм меомузад. У бо тахаллуси Кухи шеър мегуфт ва дар баробари ин хаттоти мохир низ будааст. Аз эчодиёти Кухи такрибан 1500 мисраъ боки мондааст. Мероси адабии у аз газал, мухаммас, тарчеот иборат мебошад. Кухи ба газалиёти чанде аз шуарои форс-точик хусусан Сайидо мухаммас баста, баъзан ба газалиёти Хофиз пайрави ва татаббуъ намудааст. У дар шеърхояш ишку мухаббат ва зиндагию мехнати дехкононро сутудааст. Гохо аз нохамворихои замон, нокомии мардуми мехнаткаш, ситаму беадола-тихои хокимон забони шиква во кардааст. Забони ашъори у соддаю равон буда, вай аз калимаю иборахои гуфтугуии мардум ва таъбирхои рехтаи халки фаровон истифода намудааст. Кухи дар навишти хатти настаълик ва шикаста мумтоз будааст.  Шоири сохибдевон буда, бар асари солхои шахспарасти ашъораш туъмаи оташ гаштааст. Ба мо як кисми парокандаи ашъораш тавассути баёзи яке аз пайвандонаш Зиндадили Сахронишин дастрас гардид, ки дорои   4 газал, 4  мухам-мас  буда, хачми он 100 байтро ташкил медихад.

*****

Дил додаам ман бо махликое,

Бо шухчашме, бо дилрабое.

Бо шахсаворе, зебонигоре,

Бо гулузоре, бо хушадое.

Бо майпарасте, согарбадасте,

Бо турки масте, бо пурчафое.

Бо даммасехе, нуткаш фасехе,

Табъаш малехе, хуснаш расое.

Бо нозанине, мардумнишине,

Дорам камине бар бенавое.

Руи чу мохаш, шахло нигохаш,

Бинам ба рохаш, гуям дуое.

Гулхо бируяд, хар чо ки пуяд,

Кухи бигуяд сад мархабое. 

 

Мулло Одинамухаммади Мулло Абдучалил
бо тахаллуси Ворис

 

  Яке аз чехрахои шинохтаи исломии замон, факех, олим, мударрис ва муттакии сохибхол буда, соли 1875 дар дехаи Воруи Панчакент дида ба олами хасти кушодааст. Назди падараш Мулло Абдучалили Рахматуллох, ки хатмкардаи мадрасаи Шердори Самарканд будааст, тахсили ибтидои гирифта ва баъдтар дар мадрасахои Самарканд ва мадрасаи  Мири Араби Бухоро ба муддати 18 сол илм омухтааст. Аз шарикдарсони устод Айни  махсуб мешавад. Дар хузури амири давр аз илмхои  фикху илохиёт ва тафсир имтихони махсус супорида, ба унвони мавлави сазовор гардидааст. Муддате чанд мударриси намуда, таи 3 сол то Инкилоби Октябр раёсати исломии водии Киштуду   Панчакентро рохбари мекард. Баъди инкилоб ба таъкиб афтода, ба дехаи худ бармегардад. Хаёти ин давраи шоир бисёр вазнину душвор ва дар азияту нотавонихо гузаштааст. Хамон солхо дар дехаи Варзиканда ба бемори гирифтор шуда, вафот мекунад. Дар бораи сохибхоливу мунозира ва каромоти у  миёни мардуми он сарзамин ривоятхои бисёр хаст. Гуиё ду маротиба бо Хочаи Хизр вохурдааст. Ду маротиба хонадор шудааст. Фарзандонаш дар кайди хаёт мебошанд. Наздикони Ворис Абдусамади Имомназар (бо тахаллуси Хачви), Fафури Муминзод (Харифи)индадили Сахронишин, Качкулох (писари Хачви) аз зумраи ашхоси босавод буда, шоирпешаанд.  Сохиби ашъори пароканда буда, бо тахаллуси Ворис шеър гуфтааст. Ин гуфтахо аз баёзеи моли шоир аст дастрас гардидаанд. Аз ашъори Ворис ба мо 1 наът, 2 мухаммас ва 1 рубои дастрас шуда, ки 44 байтро ташкил медихад.

Мухаммас бар газали Бедил

Саршори ишваю ноз он манзари табассум,

Чун карда кулфи дил боз он ахтари табассум,

Аз касри чаннати роз он анкари табассум ,

Омад ба гулшани ноз он дилбари табассум,

Дил бар кафи тагофул, гул бар сари табассум.

 

Он ноз махзи ноз аст, ё чавхари риёз аст,

Оинаи мачоз аст, хомушии овоз аст,

Ё нагмасанчи соз аст, ё рукни хар намоз аст,

Масти адабтироз аст, ё чашми нимбоз аст,

Ё нотавони ноз аст бар бистари табассум.

 

Чуши хуми латофат мавчхези лаб муборак,

Афгони сахтоханг айшу тараб муборак,

Шарму хаё шикаста шуху шагаб муборак,

Эй охи хуфта дар дил  хоки адаб муборак,

Он гунчаи тагофул дорад сари табассум.

 

Аз шамъи боги ризвон гофил мабош Бедил,

Аз бахшиши каримон гофил мабош Бедил,

Аз Вориси мухибон гофил мабош Бедил,

Аз субхи боги имкон гофил мабош Бедил,

Бе чархи фитнае нест ин лашкари табассум.

 

Сарчашмахо:

1.          Айни, Садриддин. Намунаи адабиёти точик. Маскав: 1926. 626 сах.

2.          Абибов А. Ганчи Зарафшон. - Душанбе: Адиб, 1991

3.          Аз таърихи Мастчох. Таълиф ва тахрири Ч. Юсуфи. Хучанд:1996

4.          Баёзи Мулло Меримкули Рашнаги (нусхаи шахси), нанчакент

5.          Баёзи Мукбилов Нуъмон. (нусхаи шахси), дашна, н.Панчакент

6.          Баёзи чомеъ аз захираи дастхатхои Академияи улуми Чумхурии Точикистон.

7.          Дастнависхои Облоберди ибни Мулло Абдулкодир (нусхаи шахси).   Ш.Панчакент

8.          Ёкубов Ю. Ёдгорихои болооби Зарафшон. Душанбе: Ирфон, 1977

9.          Зарободи, Мазмун. Гузидаи газалиёт. Тахияву тадвини матн бо мукаддима ва тавзехоти Алии Мухаммадии Хуросони. Душанбе:       Сурушан, 2002

10.      Кухкане аз користони дил. Гулчине аз осори Ахди (Махви). Мирзо Шукурзода. Техрон: Алхудо, 1379

11.      Мусаввадаи шоир Кухи (нусхаи шахси). Д.Вору, н. Панчакент

12.      Мираминзода Муллоахмад (Эшони Муфти). Мураттиб ва   муаллифи пешгуфтор Мирзо Ахмадзода. Душанбе: Шарки озод,  1999.

13.      Накхати диёри Хафткул. (нусхаи шахси). Мураттиб Иброхими Наккош. нанчакент

14.      Муночот аз баёзи кадим. Мураттиб И. Наккош. Хучанд 2004

15.      Мустачир, Абдурахмон. Рузномаи сафари Искандаркул.      Хозир-кунандагони чоп ва муаллифони А.Афсахзод ва    М.Муллоахмадов.  Душанбе: Ирфон 1989

16.      Мухторов А. Эпиграфические памятники Кухистана. Книга 1. Душанбе. Дониш, 1978

17.      Мухторов А. Эпиграфические памятники Кухистана. Книга 2. Душанбе: Дониш, 1979

18.      Сухансароёни Самарканди. Ба чоп тайёркунандагон С. Саъдиев ва  С. Сиддиков. //Садои Шарк, №9, 1970, сах. 122.

19.      Чахордах Мазор (мачмуи маколот). Мураттиб  Хамза Камол. ушанбе: Пайванд, 2001. с 43.

20.     Шеърдуст, А. Чашмандози шеъри имрузи точик. Душанбе: Адиб,   1997

 

МАХМАДШОЕВ М.

 

НЕИЗВЕСТНЫЕ ПОЭТЫ С РОДИНЫ РУДАКИ

Статья отражает жизнь и творчество некоторых неизвестных в научной и литературной среде поэтов Зерафшанской долины с представлением образцов их творческого наследия из различных источников.

 

MAHMADSHOEV M.

 

UNKNOWN POETS FROM RUDAKI’S MOTHERLAND

The article illuminates the life and works of several unknown poets in the literary circle of Zerafshan Valley with presentation of the examples of the creative heritage from various sources.

Hosted by uCoz