МУХАММАДИЕВ Ш.

сармуаллими кафедраи забон ва адабиёти

точики Коллечи омузгории ДДХ

 

СУБСТАНТИВАТСИЯИ СИФАТХОИ НИСБИ

 

 Сифатхои нисби монанди сифатхои асли набошад хам, ба исм гузашта метавонанд. «Дар вактхои охир акидаи дигар пеш ронда мешавад, ки мувофики он сифатхои нисби ба воситаи суффикси чамъбанди ба исм мегузаштанд. Азбаски сифатхои нисбии ифодакунандаи макон ба вазифаи исм аксар дар шакли чамъ меоянд, чунон рафтааст, ки дар исмшавии онхо аломати чамъманди сабаб шудаанд. Исмхои помириён, хоричиён, мактабиён ва амсоли инхо на «бо гирифтани суффикси чамъбанди ба исм табдил ёфтаанд» (Гаффоров. Р 1996, 113), балки аввал исм шуда, баъд суффикси чамъбандиро кабул намудаанд. Инро мисолхои зерин, ки дар онхо сифати нисби дар шакли танхо ба исм гузаштааст, низ собит менамояд: Шоёни полвони чавони густох ва маuрурро бо илтифот ва эхтироми рeяки намоишкорона пешвоз гирифт (Айни).

 Акидаи «бо гирифтани суффикси чамъбанди бо исм табдил ёфтани сифатхои нисби» - ро дар забони адабии хозираи точик аз забоншинос Р.Гаффоров, ки Ш. Рустамов истинод кардааст, пештар мухаккик О.Чалолов баён кардааст (Чалолов. 1961, 63 – 65). Мулохизаи Р.Гаффоров чунин аст: «Бисёрии ин гуна сифатхо, махсусан, сифатхои монанди макон, ихтисос, касбу хунар ва таъинот ва г. бо мурури замон бо гирифтани суффиксхои чамъбанди ба исм табдил ёфта, предметхои чамъро аз чихати ба махал, касбу хунар, ихтисос, машuулият дахл ва мансубият доштан ифода мекардаги шудаанд. Чунин исмхо дар адабиёти классикии мо серистеъмол буданд, масалан: шомиён, рустоиён, чавхариён, лашкариён, корвониён (Саъди), нахвиён, мантикиён (Ибни Сино), сипохиён (Носири Хисрав), мачлисиён, тамошоиён (Ахмади Дониш), партавиён, мактабиён (Рахим Чалил).

 Дар ин бобат О.Чалолов ин тавр нигошта: «Аз фактхои зикршуда маълум шуд, ки ба uайр аз тарафи синтаксисии ба исм мубаддал шудани сифат часпидани суффикси «-хо» ва «-он» ба вучуд меояд» (Чалолов. 1961,65). Нуктаи назари Ш. Рустамов шоистаи дастгирист ва вокеан хам, мисолхои зиёд аз забони адаби ва забони адабии хозираи точик ба дурустии он далолат мекунанд:

 - Мехмон! Пурсидан айб нест, шумо кучои хастед?

Каротегини, - гуфт шахси ношинос. (Айни «Одина»-90). Дехотии кухансол овоз баровард (Улугзода «Фирдавси»- 27). Дар назди дехотиён ва авомон хар як донишманди калон вали аст (Улугзода «Фирдавси»-1991, 219).

 ***                                                                                                    

            Гарбию осиёии судхeр,

            Хар ду бардошта сар аз як гeр.

            Аз як тараф кадбаланд африкои,

            Истода чу турки яuмои.

            Асп- зоти, ароба – кeканди,

            Баста зангeлахо ба гардани асп (Мирзо Турсунзода. 1988, 78 ).

 

 Як чихати хоси субстантиватсияи сифатхои нисби он аст, ки онхо дар сохтани исмхои хоси номи шахс ва насабу тахаллуси одамон сахм мегиранд: Одина аз пеши Сангин ба хонаи худ баргашт, лекин бо як олам маъюсиву ноумеди баргашт (Айни «Одина», 60). Ин достони шоири чавон рафик Дехотиро тахрири адаби кардам (Айни. Куллиёт. Ч. 11, кит. 2. 1963, с.191). Ва хатто саргузашти пур аз хиёнат ва чинояти шуморо дар газетахо эълон карда, фамилияи худро дигар кардам, яъне Кeлоби мондам. (Толис. Хикояхо, 20).

 Дар ифодаи мафхумхои ичтимои: оси (гунахкор), оми (аз авом)…

 Ман хамонам, ки дeст медорам,

 Осиёро, ки ошики ман аст,

 Ман хамонам, ки бахт мехохам,

 Омиеро, ки лоики ман нест. (Турсунзода 1992, 67).

 Ифодаи мафхуми макони: Кори хам зуд аз чо бархоста берун баромад ва ханeз хайрат ва нидохои хонагиён ба охир нарасида, аз берун бо хамрохи домуллонамо як шахс… даромада омад (Ч. Икроми 2.1987, 10).

 Сифатхои нисбии исмшуда хам метавонанд пеш аз худ калимаи нидоии «эй» гиранд:

 Хохи, ар озоди аз зулми тавонгар, эй дехоти,

 Муттахид шав бо дехотихои дигар, эй дехоти.

                                                                       (Лохути. Чалолов. 1961, 102).

 Кабул соз, ки як мехмони шахри туам,

 Дехотиям, зи дехотии шукуфта аз колхоз.

                                                                       (Дехотиалилов. 1961,102).

 О. Чалилов ба шаклу сохтори вожаи дехоти таваччeх зохир карда, аз тарики суффикси чамъбандии «-от»- и араби баста шудани вожаи «дех»-ро таъкид мекунад ва кайд мекунад, ки зимни пасванди – и гирифта, сифати нисби сохтан «хам аз чихати морфологи ва хам синтаксиси маънои муфрид (танхо)-ро нишон медихад. Барои ифода намудани маънои чамъ ва бисёри ба шакли дехоти суффикси –«хо» илова карда мешавад» (Чалолов.1961,102).

 Дар мисоли боло мо се хусусияти сифати нисбии субстантиватсияшударо мушохида мекунем: а) дехоти (кишлоки) – далолат ба макони як шахс; б) дехотихо (кишлокиён) ба маънии чамъ; в) Дехоти – тахаллуси шоирии Абдусалом Пирмухаммадзодаи Дехоти.

Дар ду холати аввали сифати нисби ба исми чинс ва дар холати саввум ба исми хос гузаштааст.

 «Баъзан сифат дар таркиби синтаксиси ба вазифаи муайанкунанда наомада, мустакилона ба вазифаи мубтадои чумла меояд. Дар ин сурат калима шаклан сифат барин бошад хам, лекин мазмунан предметро ифода мекунад. Ин тарик сифатхо, ки вазифаи мубтадои чумларо ифода мекунанд, ба охири онхо хох суффиксхои «-он» ва «-хо» часпад ва хох начаспад хам, дар хар ду маврид предметро ифода мекунанд» (Чалолов. 1961,64). Мулохизахои мазкурро доир ба гузориш ва пажeхиши проблемаи субстантиватсия оuози чустучeхои илми номидан дуруст аст. Чунончи: а) Мубтадо шудани сифатхои аслии субстантиватсияшуда бе аломати морфологии чамъбанди ва бо пасвандхои чамъсоз: дар Бухоро аввалхои инкилоб Мухиддин махдумро хурду калон мешинохтанд (Чалол Икроми. Асархои мунтахаб, Ч. 2. 1987, 7). Мурдор ба мурдахо рафтааст (Дехоти. Хик. 69). Пирамардон eро тасалли медоданд (Улугзода «Фирдавси»- 237). Чохилон намедонистанд, ки достонхои ман хама панду хикматанд (Улугзода «Фирдавси»-15).

б) Мубтадо шудани сифатхои нисбии субстантиватсияшуда: Тeсиён ба номи шахрашон ифтихор доштанд (Улугзода «Фирдавси»-6).

 «Дар забони адабии имрузаи точик дар ифодаи нисбати макон кор фармуда шудани ин гуна исмхо дида шавад хам (ленинободиён, самаркандиён, кулобиён, шахриён ва uайра) дар маънохои дигар истифода шудани онхо махдуд ва камистеъмол гаштааст»(Гаффоров, 1966, 114). Дар ин маврид бо акидаи Х.Хусейнов комилан хамрайъ хастем, ки нигоштааст: «Мафхуми ифоданокии калимахои исмшуда ба васеъ будани маънои луuави вобаста аст. Дар онхо ифодаи лексики таuйир намеёбад, илова ба ифодаи лексики як тобиши маънои ва ё ифодаи предмети зам мешавад. Дар натичаи ба хамдигар омехта шудани ин ду маъно (луuави ва грамматики (диссертант) калима ба як мафхуми нав сохиб мегардад, ки ифоданокии он аз хамин чо бармеояд. Вакте ки ба калимахои исмшуда суффикси чамъбанди васл меёбад, вай ба категорияи чамъи грамматики молик мегардад.

 Ба тарики исм (субстантиватсия) истифода намудани калимахо дар забони халки- гуфтугeи бисёр дида мешавад. Устод Айни хам хамин равияро дар асархои худ равнак медихад. Махсусан, ба калимахои сифати ё сифати феъли суффикси чамъбанди хамрох намуда, он калимаро ба назари хонанда хамчун шахс пешниход кардани нависанда ба хамин далел аст» (Хусйнов, 1973, 73).

 Хулоса, аз тарики як воситаи конверсионии калимасози, яъне субстантиватсияи сифат мо холатхои зерини исмшавии сифатхои асли ва нисбиро ба мушохида гирифтем:

Сифатхои асли, ки ифодагари аломати хоси ашё мебошанд, имкон доранд, ки хамаи маънои луuавии худро нигох дошта, ба маънои нави грамматики молик гарданд. Чанд намуна бе аломати морфологи ва бо аломати морфологи: Агар девонхонаи шуморо банданд, шахр аз девона пур мешавад (Ч.Икроми). Золим ва хоин ба зиндон андохта мешавад (Улугзода «Фирдавси»-46).

Сифатхои нисби, ки муносибати макони, замони, аз чи сохта шудани ашё ва мансубияти дини, мазхаби ва идеологиро ифода мекунанд: Калони uул, сиёхии риши анбeхаш, гeё ки ба рeяш кир молида бошанд, буд (Улугзода «Фирдавси»- 223). Хурди рeйпахни бинипачак (Улугзода «Фирдавси»-223).

Дар гурeхи имсола хучанди нест, вале камина ва ин кас, духтури мо. (Фазлиддин Мухаммадиев). Ман саuиру кабири чекангихо ва секангихоро кир карда метавонам (Чалол Икроми. Асархои мунтахаб.ч.2,9). Ташнаи хуни зардуштиён, карматиёну исмоилиён (Улугзода «Фирдавси»- 1991, 183). Гуреза будани e ба тeсиён маълум шуда буд (Улугзода «Фирдавси»- 1991. 235).

«Дар забоншиносии точик, низ калимахои навъи якум, дуюмро шумораи тартиби меноманд. Онхо бо шумора танхо аз бобати пайдоиш алока доранд. Семантика ва аломатхои морфологиашон нишон медиханд, ки онхо сифатхои нисбианд. Дар хакикат, калимахои навъи якум, дуюм, хамчун сифати нисби зохир гашта, муносибатхои ададиро ифода мекунанд, яъне дар хангоми шумор тартиби раками предметро нишон медиханд: синфи якум, лексияи дуюм, сахифаи бистум» (Грамматикаи забони адабии хозираи точик.(Проспект).- Душанбе: Дониш, 1972,с.55).

Дар китоби мазкур дар мавриди калимахои чорум ва панчум чунин гуфта шудаастМонанди сифатхои нисби калимахои хели чорум, панчум дар таркиби иборахои исмии изофи ба сифати чузъи тобеъ истифода мешаванд (катори сеюм, бозии бистум). Аммо бо исмхои монанди номи мох калимахои навъи якум, дуюм чун чузъи асосии иборахои исмии изофи намоён мегардад (якуми сентябр, дуюми январ)» ({амон чо, 155).

Аммо дар китоби «Грамматикаи забони адабии хозираи точик» (Чилди 1. Фонетика ва Морфология. Душанбе: Дониш, 1985, сах. 154-155) дар ин хусус чизе гуфта нашудааст, ба истиснои ин, кишуморахои тартибии дуюм, сеюми шакли дувум, савум низ доранд» (сах.155).

Ба хамин тарик, ба исм гузоштан ва дар вазифаи исм корбаст шудани сифатхои нисби нисбат ба хиссахои дигари нутк, сермахсултар аст. Сабаби инро мухаккикон аз он медонанд, ки: «вакте ки сифат ба исм мегузарад, ба таuйироти маънои дучор мешавад, вай пеш аз хама предметро ифода мекунад» (Рустамов,1981, 179).

 

ПАЙНАВИШТ:

1. Айни С. Оид ба вазъияти забоншиносии точик.// Шарки сурх. 1952, №6.

2. Грамматикаи забони адабии хозираи точик (чилди 1).- Душанбе , 1985.

3. Гаффоров Р. Нависанда ва замон. –Душанбе, 1977.

4. Ниёзи Ш. Исм ва сифат дар забони точики. –Сталинобод, 1954.

5. Норматов М, Зикриёев Ф.К. Забоншиносии умуми. –Душанбе, 2006.

6 .Рустамов Ш. Таснифоти хиссахои нутк ва мавкеи исм. –Душанбе, 1972.

7. Рустамов Ш. Калимасозии исм дар забони адабии точик. ушанбе,1972.

8. Рустамов Ш. Забон ва замон. –Душанбе, 1981.

9. Рустамов Ш. Исм. –Душабе,1981.

10. Чалолов О.Ч. Категорияи чамъ ва баъзе масъалахои забони хозираи точик. –Сталинобод, 1961.

 

 МУХАММАДИЕВ Ш.

СУБСТАНТИВАЦИЯ ОТНОСИТЕЛЬНЫХ ПРИЛАГАТЕЛЬНЫХ

Относительные прилагательные, как и качественные, могут переходить в имена существительные.

 В последнее время возникла точка зрения об образовании относительных прилагательных с помощью постфиксов существительных, так как относительные прилагательные, обозначающие место, выступают в роли существительных в форме множественного числа, в то время как при субстантивации, т.е переходе имени прилагательного в существительное, играют роль суффиксы множественного числа таджикского языкааще всего наблюдается переход в существительные имен прилагательных и приобретение прилагательным функции существительного.

 

 

 MUHAMMADIEV SH.

SUBSTANTIATION OF RELATIVE ADJECTIVES

Relative adjectives like qualitative adjectives can substitute nouns.

            Noaw days there is a new point of view that relative adjectives can substitute Nuns by means of postfixes.

As soon as the relative adjectives of place have the function of plural nouns. Plural suffixes play the main role in substituting nouns.

             Substantives adjectives have all the characteristics of nouns, namely the plural form, the genitive case; they are associated with articles, i, e, they have become nuns.

            Some wholly substantives objectives have only the plural form.

Hosted by uCoz